Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Дар 10 соли охир барои дастгирии соҳибкории бонувон зиёда аз 12 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст»

Октябрь 14, 2017 10:48

ДУШАНБЕ, 14.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳор намуданд, ки  дар даҳ соли охир барои дастгирии соҳибкории бонувон, ба касбомузӣ ҷалб намудани занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо аз ҳисоби грантҳои президентӣ зиёда аз 12 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Роҳбари давлат ташкили 22 фоизи субъектҳои соҳибкории кишвар аз ҳисоби бонувони соҳибкор, ташкил намудани 10 фоизи роҳбарони корхонаҳои хурду миёна аз ҳисоби занону бонувон ва роҳбарии 25 фоизи хоҷагиҳои деҳқонии амалкунандаро аз ҳисоби бонувони фаъоли мамлакат, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2010 даҳ баробар зиёд мебошад, ба фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид барои занону бонувон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста донистанд.

Дар иртибот ба ин, Президенти мамлакат ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки минбаъд ҳам ташаббусҳои созандаи занони соҳибкорро пайваста дастгирӣ намоянд.

Октябрь 14, 2017 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд