Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Нерӯи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода барем»
ДУШАНБЕ, 03.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти фарорасии фасли сармои тирамоҳу зимистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамаи роҳбарону мутахассисонро муваззаф намуданд, ки ба масъалаи омодагӣ ба фасли сармо, захира намудани сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва маводи ғизоӣ дар ҳар як оила, таъмиру тармим ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооту таҷҳизоти энергетикӣ, шабакаҳои барқрасонӣ ва роҳҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Вобаста ба ин Пешвои миллат ба кулли мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, таъкид сохтанд, ки тибқи маълумоти пешакӣ зимистони имсола хеле тӯлониву сард меояд. Бинобар ин, ба гуфтаи Сарвари давлат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва умуман ҳар сокини кишвар ба масъалаи истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ ва гармӣ эътибори ҷиддӣ бояд диҳанд.
«Агар хоҳем, ки аз нерӯи барқ мунтазам истифода барем ва дар фасли сармо муассисаҳои иҷтимоӣ, хонаву кошонаамон гарму фурӯзон бошанд ва ба ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ маҷбур нашавем, бояд нерӯи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода барем ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳем», — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Хотиррасон менамоем, ки соли гузашта маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аввали моҳи ноябр роҳандозӣ ва дар моҳи январ аз байн бурда шуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






