Пешвои миллат: «Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст»

Октябрь 14, 2017 10:36

ДУШАНБЕ, 14.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ оид ба ҷараёни ислоҳоти иқтисодии мамлакат,  дастгирии Ҳукумат аз бахши хусусӣ, бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, такмил додани қонунгузорӣ дар самти рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани мақоми истеҳсолкунандаи маҳсулоти ватанӣ изҳори назар карданд. Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки «ислоҳоти амалигардида ва фаъолияти пурсамари бахши хусусӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, Тоҷикистон се маротиба ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил гардида, тибқи арзёбии агентиҳои рейтингии ҷаҳонӣ дар байни кишварҳои ҷолибтарини сайёҳӣ мавқеи дуюм ва дар байни кишварҳое, ки дар онҳо гирифтани раводид осон аст, мавқеи чорумро ишғол намуд. Барориши муваффақонаи коғазҳои қиматноки давлатии кишвар ба бозори ҷаҳонӣ дастоварди навини кишвар ва самараи фаъолияти бисёрсолаи Ҳукумати мамлакат доир ба ташаккули иқтисоди бозорӣ, ислоҳоти бахши давлатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди молиявию қарзӣ мебошад.

Дастгириҳои доимии давлат имкон доданд, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 70 фоиз зиёд гардида, 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад». Сарвари давлат таъкид карданд, ки инкишофи бахши соҳибкорӣ барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ мусоидат мекунад: «Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Аз соли 2018 марҳалаи сеюми татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ оғоз мегардад, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Мо мақсад гузоштаем, ки муносибатҳои муосири иқтисодиро тавассути такмили қонунгузорӣ, рушди низоми иҷрои қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмин намудани ҳуқуқи молумулкӣ, бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, афзоиш додани сармоягузорӣ ва коҳиш додани хавфҳои эҳтимолӣ таҳким бахшем».

Зикр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таҳким бахшидани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи моликияти хусусӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Пешвои миллат ба мақомоти дахлдор барои беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя дастурҳои мушаххас дода, аз ҷумла чунин изҳор намуданд: «Баъди вохӯриҳои қаблии мову шумо бо пешниҳоди соҳибкорону сармоягузорон қонунгузорӣ дар самти ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор хеле такмил дода шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва дастгирии соҳибкорӣ ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Бо вуҷуди ин, дар марҳалаи сеюми татбиқи барномаи зикршуда қабули як қатор санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ ба нақша гирифта шуда, бояд ҷиҳати иҷрои саривақтии қонунҳои қабулшуда тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Аз ин лиҳоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки дар ин самт чораҷӯӣ намуда, барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва баланд бардоштани мақоми истеҳсолкунандаи маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои амалӣ андешад».

Октябрь 14, 2017 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад