Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 октябри соли равон президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао бо сафари серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз намояндагии ин Бонк дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао дар доираи сафар бо шахсони воломақоми кишвар мулоқот намуда, аз макони татбиқи лоиҳаҳо дидан мекунад.
Ҳамчунин ӯ дар ҷаласаи 16 Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, ки 26-27 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад.
Дар назар аст, ки баъди ҷаласа Такехико Накао бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода барои намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






