Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баҳри шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд. Меҳмононро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, меҳмононро директори осорхона Абдувалӣ Шарифзода ва Прокурори шаҳри Душанбе Хайрулло Сайидзода ба Осорхона хайрамақдам гуфтанд. Аз ҷониби мутахассисони ҷавони Осорхона бо меҳмонон ба забони арабӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Онҳо сараввал аз харитаи релефии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, сипас бо толорҳои экспозитсияи шуъбаҳои таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки диққати меҳмононро бештар бозёфтҳои шаҳраки Панҷакенти бостонӣ, деворнигораҳои Панҷакент, намунаи либоспӯшии занону мардони он давра, китобу дастхатҳои нодир, маъбади Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Меҳроби Искодар ва толори туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд. Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






