Прокурори генералии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масоили ҳамкории тарафайнро баррасӣ карданд

Октябрь 16, 2017 13:28

ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо оид ба ҳамкории тарафайн вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ мубодилаи афкор намуданд.

Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ сурат гирифт, масоили истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳбусон барои адои минбаъдаи ҷазо, баррасии сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ,  мубориза  бар  зидди терроризму ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатбахш мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Октябрь 16, 2017 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст