Прокурори генералии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масоили ҳамкории тарафайнро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо оид ба ҳамкории тарафайн вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ сурат гирифт, масоили истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳбусон барои адои минбаъдаи ҷазо, баррасии сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатбахш мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






