Раиси Суди Олии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дурнамои муносибатҳои байнидавлатиро баррасӣ карданд

Октябрь 17, 2017 14:34

ДУШАНБЕ, 17.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баргузор гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилоотии Суди Олии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ табодули афкор намуданд.

Раиси Суди Олӣ Ш. Шоҳиён аз нахустин мулоқоти расмӣ бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд ибн Абдулоҳ ал Муаҷиб ва ҳамроҳони ӯ истиқбол намуда, зикр кард, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва риояи қонунгузорӣ доранд ва метавонанд барои мусоидат дар таъмини суботу осоиштагӣ, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризму экстремизми байналмилалӣ ҳамкории судманди дуҷониба ҷорӣ кунанд.

Ҷонибҳо аз равобити дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, вобаста ба пойдории волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, иҷрои барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди дуҷонибаи ҳамкории мутақобилаи судҳо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати расонидани кумаки ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ, супоридани шахсон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва иҷрои ҳукмҳо табодули афкор намуданд.

Зимни мулоқот ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мубодилаи амалияи судӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ изҳор намуданд. Зикр карда шуд, ки якдигарфаҳмӣ миёни ҳокимияти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат ба ташаккули дурнамои муносибатҳои дӯстонаи манфиатбахш мусоидат хоҳад кард.

Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд ибн Абдулоҳ ал Муаҷиб ба раиси Суди Олии Тоҷикистон барои қабул ва суҳбати самимӣ миннатдории хешро баён намуда, ҳарду ҷониб ба ҳамдигар дар фаъолияти минбаъда натиҷаҳои хуби корӣ орзу намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки дирӯз дар Душанбе ҳамчунин мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баргузор гардида буд.

Октябрь 17, 2017 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад