РОҲСОЗОНИ БАДАХШОН БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД. Дар ҳамаи 9 ағбаи вилоят маводи зиддилағзиш захира шудааст

Октябрь 31, 2017 10:54

ХОРУҒ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз муассисаҳое, ки омодагии он аз ҳар ҷиҳат ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсири амиқ мегузорад, Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят ба шумор меравад. Сардори муассисаи мазкур Гулаёз Рамазонов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  «бо дастгирии Ҳукумати кишвар роҳҳои мошингард дар тамоми фаслҳои сол дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд. Ҳатто дар фасли зимистон, ки шумораи тармаву сангчарх дар як рӯз то ба 30-35 адад мерасад, роҳсозон роҳи мошингардро дар давоми ду ё се рӯз ба рӯи мошинҳои мусофирбару боркаш боз мекунанд. Дар ҳоле, ки қабл аз истиқлолияти давлатӣ  роҳи байни пойтахти кишвар ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ним сол баста буд. Ҳоло  ин роҳ ба як шоҳраги ҳаётан муҳими кишвар табдил ёфтааст. Ҳамарӯза аз тариқи ҳамин роҳ садҳо мошинҳои боркаш берун аз кишвар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва баръакс ба вилояти Бадахшон молу колои зарурӣ интиқол медиҳанд. Роҳсозон ҳамеша ин масъулиятро эҳсос мекунанд. Дарк мекунанд, ки агар роҳи мошингард соате баста шавад, таъсири онро ҳар муассисаю идора ва ҳар як сокини кишвар эҳсос хоҳад кард. Аз ин рӯ роҳсозон саъю талош мекунанд, ки роҳҳои мошингарди вилоят мудом кушода бошанду ронандагону мусофирон ба ягон мушкилӣ дучор наоянд».

Дар Бадахшон ба ҷуз роҳҳои ҳамвор ҳамчунин 9 ағбаи осмонбӯс вуҷуд доранд, ки  дар фасли зимистон маҳз роҳи ҳамин ағбаҳо ях баста, ба ҳаракати мошинҳо халал мерасонанд.  Аз ин лиҳоз дар ҳамаи ағбаҳо маводи зиддилағзиш захира шудаанд. То ба имрӯз дар ағбаҳои Куйтезак 1000 тонна, Қизиларт 1350 т, Хобу Рубот 850 т, Харгушию Қуруқ мутаносибан то 500 тонна маводи зидди яхбандӣ ва зидди лағзиш захира шудаанд.

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои вилоят 118 техникаву механизмҳои мухталиф дорад, ки 40 фоизи ин техника комилан нав буда, боқимонда аз таъмир бароварда шуданд.

Танҳо дар масъалаи таъмини техникаву механизмҳои роҳсозӣ каме танқисӣ вуҷуд дорад. Зеро фаслҳои зимистону баҳори сипаришуда хеле дарозу сангин омаданд ва сӯзишвории зиёд сарф шуд. Умед аст, ки то оғози сардию боришот ин масъала ҳалли худро меёбад.

 

Октябрь 31, 2017 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад