Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон ифтитоҳ гардиданд

Октябрь 12, 2017 10:54

ДУШАНБЕ, 12.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 11 октябри соли равон дар шаҳри Тошканд дар толори Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рўзҳои фарҳанги  Тоҷикистон дар Ўзбекистон баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик, ба мисли Давлатманд Холов,  Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рўзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Дамирбек  Олимов ҳунарнамоӣ карда, тамошобинони ӯзбекро ба ваҷд оварданд.

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар барномаи консертӣ ҳамчунин ансамбли овозадори рақсии «Зебо» ҳамчун муаррифгари санъати рақсии тоҷик бо рақсҳои зебову мафтункунанда таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб намуд.

Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон то 14 октябр идома меёбанд.

 

Октябрь 12, 2017 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад