Сада ва Меҳргонро низ метавонем мисли Наврӯз ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем-бардошт аз симпозиум

Октябрь 13, 2017 14:51

ДУШАНБЕ, 13.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Меҳргон Симпозиуми байналмилалии илмии «Ҷашни Меҳрон ва Сада дар оинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» доир гардид.

Зимни ифтитоҳи Симпозиуми илмӣ ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад иброз дошт, ки сегонаи ба ориёиён тааллуқдошта – Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз ҷашнҳое маҳсуб мешаванд, ки вобаста ба муҳтавои худ аҳамияти байналмилалӣ доранд.

«Дар маҷмӯъ, мардуми эронитабор ҳамеша бидуни ҳама гуна монеаҳо онҳоро ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекард ва ҷашн мегирифт. Зеро  ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд»,-зикр намуд А. Муҳаммад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони симпозиумро бо ҷашни Меҳргон табрик намуда, ба кори он муваффақият таманно намуд.

А. Раҳмонзода зимни суханронии хеш зикр намуд, ки тоҷикон бо таърих ва фалсафаи ҷашни Меҳргон бояд аз наздик ошно бошанд, то  бидонанд, ки гузаштагони мо дар таҳияи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ бо номи ориёиҳои қадим чӣ нақше аз худ боқӣ гузоштаанд.

Ба андешаи академик, «имрӯз баъзе паҳлуҳои ойини ҷашни Меҳргон муайян шуда бошанд ҳам, вале қисмати зиёде аз масъалаҳои вобаста ба доир гардидани он ҳанӯз норавшан мондааст. Мо бояд низоми ягонаи таҷлили ин ҷашнро ба он гунае, ки ҷашни Наврӯзро муайян кардаем, таҳқиқ намуда, бо кадом шакл ва дар кадом доира ҷашн гирифтани онро муайян созем».

АИТ _5 АИТ _2АИТ _6

Зимни суханрониҳои олимони дохиливу хориҷӣ, ба мисли Акбар Турсун,  Муҳаммадқул Ҳазратқулов, Аббосалӣ Гасанов, Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ, Франсис Ришар ва Ямо Шароф ҷиҳати пайдоиш ва ҷашнгирии Меҳргону Сада, таърихи пайдоиши ин ҷашнҳо, ташаккул ва инкишофи онҳо дар давраҳои мухталиф дар пояи сарчашмаҳои хеле муътамади таърихӣ изҳори назар карда шуд. Ҳамзамон онҳо дар бораи ҷашни Меҳргон нишонаҳои боризеро аз русуму одати он дар ҷумҳуриҳои собиқи Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Озарбойҷон ва ғайраҳо  таъкид намуданд.

Аббосалӣ Гасанов, аз ҷумла, зикр кард, ки Меҳргон дар тамоми минтақаҳои Озарбойҷон ҳам мисли Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар адабиёти Озарбойҷон, хусусан дар қисмати адабиёти шифоҳӣ-фолклорӣ доир ба ин мавзӯъ шеъру  тарона ва достонҳои зиёд мавҷуданд. «Меҳргонро дар кишвари мо истилоҳан иди маҳсул низ мегӯянд. Тибқи сарчашмаҳо мардум баъди ҷамъоварии кишту кор аз натиҷаи ҳосил хушҳолӣ мекарданд, таронаҳои мухталиф иҷро мекарданд, яъне натиҷаи ҳосили онҳо ба ҷашнвора табдил шудааст»,-изҳор намуд А. Гасанов.

Чунин ҳамоишҳои олимон нишон медиҳад, ки майдони таҳқиқи масоили гуногун ва мубрами ин ҷашнвораҳо фарох аст.

Изҳори умед мекунем, ки муҳаққиқини мо имрўз ва минбаъд паҳлуҳои муҳиму гуманистии кашфношудаи ин марҳилаҳои меҳнатии солонаи кишоварзонро кашф намуда, минбаъд ба тавсифи амиқи таърихию  илмӣ, астрономӣ, вожашиносию мардумшиносӣ, фалсафӣ-фарҳангшиносии Меҳргон ва Сада камар мебанданд, то  дар ояндаи наздик тавонем мисли Наврӯз ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем.

Мавҷуда АНВАРӢ

 

 

 

Октябрь 13, 2017 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд