Сафири Франсия Ясмин Гуедар: «Тоҷикистон дар қалби мардуми мо ҷои махсусро ишғол менамояд»

Октябрь 26, 2017 17:37

ДУШАНБЕ, 26.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар вохӯрӣ анҷом дод.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Франсия, хусусан оид ба намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж, ки соли 2019 баргузор мегардад, суҳбат карданд.

Сафири Франсия дар Тоҷикистон чунин изҳор намуд: «Намоишгоҳи Тоҷикистон дар Париж дар сатҳи олӣ баргузор гашта, аз ҷониби мардуми мо хуш пазируфта хоҳад шуд. Зеро Тоҷикистон дар қалби мардуми мо ҷои махсусро ишғол менамояд».

Ясмин Гуедар изҳор дошт, ки барои самаранок ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд дар доираи салоҳияти кориаш талош хоҳад кард.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, дар навбати худ, зикр намуд, ки намоиши мазкур имконияти хубест барои муаррифии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва он барои таҳким ва рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.

Октябрь 26, 2017 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд