Шаҳрванди Россия баъди ҷангҳо дар Сурия бо шиносномаи қалбакии Тоҷикистон дастгир шуд

Октябрь 23, 2017 11:22

ДУШАНБЕ, 23.10.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти шаҳрванди Федератсияи Россия, ки бо омода намудани шиносномаи қалбакии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ҷинояткори «Давлати исломӣ» пайвастааст, хабар медиҳад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, Хисамов Денис Франгизович 18 декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодари Федератсияи Россия таваллуд шуда, шаҳрванди Федератсияи Россия, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои техникӣ мебошад. Ӯ собиқ корманди Вазорати мудофиаи Федератсия Россия бо рутбаи капитан мебошад.

Дар моҳи майи соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуда, тавассути ин шиноснома аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Туркия рафта, дар он ҷо ба гурӯҳи ҷинояткори «Давлати исломӣ» пайвастааст. Денис Хисамов дар муноқишаҳо ва ҷангҳои сарзамини Ироқу Сурия фаъолона ширкат варзида, моҳи апрели соли 2017 вақти баргаштан аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз ҷониби кормандони милитсияи Ҷумҳурии Туркия дастгир гардида, барои доштани шиносномаи қалбакии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ,  Денис Хисамов барои содир намудани ҷиноят қасди баргаштан ба Федератсияи Россияро доштааст.

Октябрь 23, 2017 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад