Сироҷидин Аслов ва Петер Буриан масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан 12 октябр дар Душанбе баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ баҳри такмил ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, амният, мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Сафир Хидайет Бишчевич, мутасаддии Тоҷикистон дар Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Роланд Хонекамп ва мушовири сиёсии Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Раймондс Вингрис низ ҳузур доштанд.








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






