«Соҳибкорон аз дастгирии Пешвои миллат сипосгузоранд», «Эссе чист ва онро чӣ тавр бояд навишт?» — шарҳи матбуот

Октябрь 19, 2017 12:26

ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили сеюмин солгарди Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон баргузор гардид. Вобаста ба ин  нашрияи «Ҷумҳурият» (16.10.2017, №215) матни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти сарлавҳаи «Соҳибкорон дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон саҳми назаррас доранд» чоп кардааст. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур намояндагони Ҳукумат ва вазорату идораҳои мамлакат, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, коршиносони варзида, ширкатҳои сармоягузор аз мамолики олам, дар маҷмӯъ зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок карданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз баргузории мулоқотро фароҳам овардани имконияти васеъ барои муколамаи соҳибкорон ва сармоягузорон оид ба масъалаҳои мубрами соҳибкориву сармоягузорӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорон ва сармоягузорон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкориву   сармоягузорӣ маънидод карданд. Нашрия ҳамчунин дар мавзӯъҳои оғоз шудани марҳалаи аввали тармим ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа, иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Сарбанд, баргузор шудани ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе ва таҷлили Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) мақолаҳо чоп кардааст.

Шумораи навбатии нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (17.10.2017, №216) аз ҷараёни Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкори арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон гузориши муфассали матбуотӣ нашр кардааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони як қатор кишварҳои хориҷиро, ки барои иштирок дар Форуми байналмилалии мазкур ба Тоҷикистон омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд. Мулоқотҳои Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини давлати Фаластин доктор Риёз ал- Маликӣ, вазири иқтисоди Аморати Муттаҳидаи Араб Султон ибни Саид ал-Мансурӣ, вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор Маданӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф, вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва ба нақшагирӣ ва вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабоҳ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Издибеҳ, вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ, вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Ан-Нур Мумтоз, бешак, барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ, инчунин масоили муборизаҳои муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму эктремизм мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин зимни суханронӣ дар Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Пешвои миллат изҳор карданд, ки: «Мо кишварҳои арабиро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои нек бо онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем. Мо чунин мешуморем, ки амнияту суботи комил дар кишварҳои арабӣ омили калиди рушди ҳамаи давлатҳои исломӣ мебошад».

Нашрия мақолаи Абдуҷаббори Азизро бо сарлавҳаи «Ҳатто хандааш мазмуни одамият дошт» пешниҳоди хонандагон намудааст. Муаллифи мақола аз хислатҳои волои инсонии роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Раҳмонҷон» Нуриддин Раҳмон, ки дар синни 67 бар асари бемории сактаи дил дунёро тарк кардааст, ёдовар шуда, навиштааст: «Аз дидаҳо агар рафт, аз дил ҳеҷ гоҳ намеравад. Вай аз худ нишонаи одамияту одамгарӣ, ҳимматбаландию саховатпешагӣ гузошту рафт. Аммо чеҳраи нурониаш, қалби саршор аз меҳраш, нигоҳи гармаш, чашмони пур аз шодиаш, табассумҳои ширини дилкашаш бо пайвандону наздикон, дӯстону ҳамсуҳбатон ва ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд, боқӣ монд, монд».

Нашрияи «Ҷумҳурият» (18.10.2017, №217) дар рубрикаи доимии худ суханони зерини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарҷ кардааст: «Соҳибкорони бонангу номус ҳамеша иқдомоти Ҳукумати мамлакатро бо дарки амиқи масъулият самимона пуштибонӣ менамоянд, барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш мекунанд, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳм мегузоранд».

Дар идомаи мавзӯи мазкур мақолаи Т.Саъдуллоев бо сарлавҳаи «Суғд. Соҳибкорон аз дастгирии Пешвои миллат сипосгузоранд» чоп шудааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Соҳибкорони вилояти Суғд аз мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон зимни истиқболи сеюмин солгарди Рӯзи соҳибкорон, аз ҷумла дар самти истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва воридотивазкунанда изҳори хушнудӣ ва сипосгузорӣ карданд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд соҳибкорон имкон пайдо намуданд, ки ҷиҳати кушодани баъзе муаммоҳои мавҷуда бевосита ба Сарвари давлат пешниҳоди хешро манзур намоянд. Ин мулоқотро коршиносон беҳтарин роҳи ҳалли масъалаҳои рушди соҳа арзёбӣ намуданд». Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Суғд ҳоло зиёда аз 31 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ ва 67 ҳазор нафар бо шаҳодатнома ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 15,5 фоизро дар бар гирифтааст.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (17.10.2017,№ 123) аз баргузор шудани ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон хабар чоп карда, иттилоъ додааст, ки дар рафти ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул», «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва лоиҳаи дигар санадҳои қонунгузорӣ баррасӣ гардиданд.

Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» мақолаи Ҷамшед Азимовро бо сарлавҳаи «Эссе чист ва онро чӣ тавр бояд навишт?» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Эссе як навъи очерк аст ва онро иншои мухтасар низ гуфтан мумкин аст. Ҳангоми навиштани ин гуна иншо хонанда дар баёни фикр озод аст: ӯ андешаи худро доир ба мавзӯи пешниҳодшуда мухтасар ва асоснок баён мекунад. Дар эссе ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф (эссенавис) доир ба ягон мавзӯи иҷтимоӣ ва ё фарҳангию таърихӣ инъикос меёбад».

Мавриди зикр аст, ки имсол дар феҳристи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ навиштани эссе ворид карда шудааст ва минбаъд довталабони мактабҳои олӣ дар қатори супоридани дигар имтиҳонҳои фаннӣ ҳамчунин эссе менависанд. Аз ҳамин лиҳоз мақолаи мазкур ва дигар мақолаҳое, ки нашрияи «Омӯзгор» чоп кардааст, аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

 

Октябрь 19, 2017 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад