Соҳибкорони Гулистон барои рушди соҳаҳои мухталифи шаҳр қариб 7 млн сомонӣ масраф карданд

Октябрь 13, 2017 11:27

ХУҶАНД, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Аз оғози соли равон дар шаҳри Гулистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ хатнатӯйи 35 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Илҳом Мадализода, корманди  масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ дод.

Ҳамчунин давоми нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони шаҳр барои рушди соҳаҳои мухталифи шаҳр, аз ҷумла сохтмони сехҳои истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ, осоишгоҳ, марказҳои савдову хизматрасонӣ 6,9 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб гардид.

Дар ин замина соҳибкорзан Адолат Ҳоҷиева, дорандаи гранти раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ, барои рушди ҳунарҳои халқӣ ва ҷалби бештари занону духтарони маҳаллӣ ба шуғли доимӣ дар ҷамоати шаҳраки Сирдарё Маркази ҳунаромӯзии миллӣ ташкил намуд. Ҳоло маркази мазкур дар самти омӯзонидани ҳунари атласу адрасбофӣ фаъолияти пурсамар дорад.

Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкорзани дигар Турсуной Зокирова баҳри дастгирии муассисаҳои тандурустии шаҳр ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харида шуд.

Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Гулистон 829 нафар соҳибкорон фаъолият доранд, ки  222 нафарашон занон мебошанд.

Октябрь 13, 2017 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд