Сокинони деҳаи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа соҳиби бунгоҳи тиббӣ гардиданд
ХОРУҒ, 27.10.2010 /АМИТ «Ховар»/. Деҳаи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа яке аз деҳоти дурафтодаи ин ноҳия ба шумор рафта, ҳаракати мошинҳои мусофиркашу борбар дар роҳҳои ин деҳа кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ сокинони деҳа ҳангоми бемории ногаҳонӣ имкон надоранд дар зудтарин фурсат ба табибон муроҷиат кунанд. Бунгоҳи маҳаллӣ дар як бинои кӯҳна ва садамавӣ ҷо гирифта, барои ташхис ва табобат ҳатто таҷҳизоти одӣ надорад. Аз ин рӯ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо Хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон дар ин деҳа бунгоҳи нави тиббӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат таъмин гардид. Роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мунис 97» гуфт, ки барои сохтмони бунгоҳи мазкур 230 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва бинокорон онро дар муҳлати муайяншуда ва мутобиқ ба талаботи замони муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аз Раёсати тандурустии вилоят ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки танҳо дар соли равон дар се деҳаи дурдасти ноҳияи мазкур ду бунгоҳи тиббӣ ва як маркази саломатӣ сохта шуданд. Ҳамзамон табибони ин бунгоҳҳо ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд ва бо барномаи «Тибби оилавӣ» шинос гардиданд. Акнун ин табибон на танҳо дар бунгоҳи тиббӣ беморонро муолиҷа мекунанд, балки дар шароити хона низ метавонанд ба ниёзмандон кумаки тиббӣ расонанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






