«Солҳои охир истифодаи моҳиронаи як анъана дар қолаби анъанаи дигар хеле маъмул шуда буд» — мулоқот оид ба танзим дар Хуҷанд

Октябрь 6, 2017 10:44

ХУҶАНД, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқоти ошкоро  доир гардид.

Дар мулоқот шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, прокурори шаҳр Арабшо Солизода, роҳбарони сохторҳои воҳидӣ, фаъолон, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва Шӯрои ҷавонон иштирок намуданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд изҳор намуд, ки татбиқи амалии муқаррароти Қонуни мазкур дар тӯли марҳилаи сипаришуда як қатор дастоварду беҳбудиҳо ва камбудию норасоиҳоро дар риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ошкор кард. Бешубҳа, Қонуни танзим ба хотири ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва дар ниҳояти кор, беҳтар намуда­ни сармояи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қабул гардидааст.

Прокурори  шаҳри Хуҷанд Арабшо Солизода Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тағйиру иловаҳои ба он воридшударо шарҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки солҳои охир бинобар баланд шудани сатҳи иҷтимоиёти мардум, бархе ашхос барои ба тамошо гузоштани ҳузур, ҳашамат ва мартабаашон ба худнамоӣ даст заданд ва ба ҳар восита бо баргузории маъракаҳои дабдабанок аз дорандагии худ дарак дода, ба иззати нафси мардум мерасиданд. Бо мурури замон ин маъракаҳо, ба қавле «мусобиқа» ҳам шуданд. Мардуми доро имконият доштанд, вале халқи нодор барои гузаронидани маъракаҳои дабдабанок имконият надошт ва маҷбур мешуд, ки қарз гирад ва ё  ба Россия мардикорӣ равад. Ин ҳама омилҳо оқибат сабаби ҷанҷолҳои оилавӣ, хонавайроншавӣ ва ба қарз дармондани мардум мегардиданд.

Ба гуфти прокурори шаҳр, имрӯз кулли мардум аз қабули тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур хуб истиқбол намуда, зимни тӯю маъракаҳо сарфи беҳуда намекунанд. Иқдоми манъ карда шудани маъракаҳои ноншиканон, ақиқа, домодталбон маҳз вобаста ба муҳити шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он ба миён омад. Ва ҳамин тавр  маъракаҳои пурҳашамати ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ, ки ҳар кас чизе хост ба онҳо зам намуд,   низ манъ карда шуданд. Зеро солҳои охир моҳирона истифода бурдани як маърака дар қолаби маъракаи дигар хеле маъмул шуда буд.

Дар интиҳои мулоқот зикр гардид, ки имрӯз ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат яке аз омилҳои муҳиму саривақтии  паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб меравад.

 

Октябрь 6, 2017 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад