«Сомон Эйр» сертификати узвият дар IATA-ро соҳиб гашт

Октябрь 14, 2017 09:52

ДУШАНБЕ, 14.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» сертификати узвият дар IATA — Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоиро соҳиб гашт. Маросими супоридани сертификат дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он  намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Тавре аз Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд, зимни маросим Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода доир ба ин рӯйдоди муҳим изҳор намуд, ки «қабули «Сомон Эйр» ба IATA дархури ҳадафҳои сиёсати стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар буда, он ба кушодани роҳҳои нави ҳавоӣ мусоидат мекунад».

Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ- IATA  ассотсиатсияи ихтисосии ширкатҳои ҳавопаймоии иҷрокунандаи хатсайрҳои байналмилалӣ буда, вазифаи ҳамоҳангсозӣ ва намояндагии манфиатҳои соҳаи нақлиёти ҳавоиро дар бахшҳои таъмини бехатарии парвозҳо, иҷрои парвозҳо, хизматрасонии техникӣ, бехатарии авиатсионӣ ва тарҳрезии стандартҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад. Айни замон 281 ширкати ҳавопаймоӣ аз 118 давлати ҷаҳон аъзои IATA мебошанд.

 

 

Октябрь 14, 2017 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад