Стратегия ва рамзи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид

Октябрь 31, 2017 14:57

ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябри соли 2017 бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (ВҲК)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва рамзи ВҲК тасдиқ гардиданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Соли 2016 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак вазифаи Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд»,- хабар дод манбаъ ва илова намуд, ки «аз ҷониби ВҲК ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВҲК дар самтҳои алоҳидаи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла, ҳуқуқ ба таҳсил, адолати судӣ нисбат ба ноболиғон ва ҳуқуқи кӯдакони дорои маъюбият, гузоришҳои ҶТ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мақомоти СММ, инчунин тавсияҳои аз ҷониби сохторҳои дахлдори СММ пешниҳодгардида мавриди таҳлил қарор дода шуданд».

Бояд ёдовар шуд, ки ба ғайр аз амалисозии фаъолият дар самти афзалиятнок ВҲК вазифаҳои асосии худро вобаста ба дигар самтҳо, аз ҷумла, дар самтҳои мониторинги риояи ҳуқуқҳои кӯдак ва омодасозии маърӯзаҳои солона дар бораи фаъолият, қабул ва баррасии муроҷиатҳо вобаста ба вайроншавии ҳуқуқҳои кӯдак ва гузаронидани санҷишҳо, пешбурди ҳуқуқҳо ва манфиатҳои беҳтарини кӯдак, ҳамчунин таъмини иштироки кӯдакон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои онҳо иҷро менамояд.

 

 

Октябрь 31, 2017 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад