Суғд: ноҳияи Зафаробод аввалин шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии наваскаронро иҷро намуд

Октябрь 6, 2017 10:25

ХУҶАНД, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз аввали моҳи октябр тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»  дар вилояти Суғд  маъракаи даъвати тирамоҳӣ оғоз ёфт.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар рӯзи аввали даъват  миёни 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ноҳияи Зафаробод аввалин шуда, даъвати тирамоҳиро пурра иҷро намуд.

Дар маросими тантанавие, ки дар тарабхонаи «Баҳор»- и маркази ноҳияи Зафаробод доир гардид, 90 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Ҳамчунин ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Истиқлол дар ин самт пешсаф буда, нақшаи даъватро беш аз 80 фоиз иҷро намудаанд.

7 октябр дар шаҳри Хуҷанд маросими гусели аввалин наваскарони вилоят ба  сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, имсол дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ қариб дуюним  ҳазор нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд.

Октябрь 6, 2017 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад