ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 1 октябр, якшанбе, 274-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 91 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 1, 2017 08:00

 

Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои Садриддин варақ мезанад:

 

1 октябри соли 2009 дар шаҳри Норак Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро расман ифтитоҳ намуда буданд.

***

15 сол муқаддам, 1 октябри соли 2002 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 зимни нишасти сессияи панҷуми Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум масъалаи Созишномаи Тоҷикистону Россия дар бораи будубоши базаи ҳарбии дивизияи 201 Россия дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

***

1 октябри соли 1937 Шӯрои комиссариати халқии Тоҷикистони Шӯравӣ қарор дар бораи дар Душанбе таъсис додани мактаби мусиқавӣ-балетиро қабул намуд.

01 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии пиронсолон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мусиқӣ

***

Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.

***

Рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии  Мардумии  Чин

***

Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.

РӮЙДОДҲО:

1 октябри соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар (8 486 300) расид.

***

Дар ин рӯзи соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир «The News of the World» ба нашр расид.

***

126 сол муқаддам, 1 октбяри соли 1891 дар Франсия клуби футболи «Бордо» ташкил ёфт.

***

1 октябри соли 2001 суди болоии ИМА муваққатан Бил Клинтон (собиқ президенти ИМА)-ро аз машғул шудан ба корҳои юридикӣ манъ намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

***

Соли 1869 дар Вена бори аввал дар ҷаҳон руқъаи почтавӣ бо тамға нашр гардид.

***

50 сол муқаддам, 1 октябр Телевизиони марказии Иттиҳоди Шӯравӣ тасвири барномаҳои худро ба таври ранга пахш намуд.

Октябрь 1, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, якшанбе, 285-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, шанбе, 284-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, панҷшанбе, 282-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, чоршанбе, 281-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст