ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 12 октябр, панҷшанбе, 285-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 80 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 12, 2017 08:12

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои Садриддин варақ мезанад:

 

12 октябри соли 2013 дар Маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

***

   12 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии Сомониён шинос шуданд.

***

4 сол қабл, 12 октябри соли 2013 дар маркази шаҳри Исфара 3 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.

12 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии биноӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо артрит.

 ***

Дар Россия рӯзи кормандони соҳаи кадрӣ.

 ***

Дар Арманистон рӯзи мубориза бо тамокукашӣ.

***

 Рӯзи забони испанӣ.

РӮЙДОДҲО:

12 октябри соли 1901 Теодор Рузвелт қароргоҳи Президенти ИМА- ро расман  «Қасри сафед» номгузорӣ намуд.

***

18 сол қабл, 12 октябри соли 1999 дар Покистон бар асари табодулоти ҳарбӣ сарвазири онвақтаина Навоз Шариф барканор шуд.

***

Дар ин рӯз, 12 октябри соли 2000 олимони амрикоӣ устухонҳои тиранозаврҳоро пайдо намуда буданд, ки аз ҳама калонтарини онро ба яке аз осорхонаҳои Чикаго ба маблағи 8,5 млн доллар фурӯхтанд.

***

12 октябр соли 1950 дар ИМА нахустин мактаби тиббии занона- Коллеҷи тиббии Пенсилвания кушода шудааст.

***

12 октябри соли 1989 конгресси ИМА қонун дар бораи эҳсоси масъулият барои таҳқири парчамро қабул намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

Соли 1968 дар Мехико Бозиҳои XIX олимпӣ доир гаштанд.

 

Октябрь 12, 2017 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст