ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 13 октябр, ҷумъа, 286-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 79 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 13, 2017 08:18

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

13 октябри соли 2016 дар шаҳри Ереван мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор гардид.

***

Дар ин рӯз, 13 октябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳо бахшида ба 19-умин солгарди ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуданд.

***

13 октябри соли 2016 дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Россия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфта буданд.

 13 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии пастнамоии хатари офатҳои табиӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии тухм.

***

Дар Бремен- рӯзи Фестивали «Савдои озод».

***

Дар Озарбойҷон -рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Фестивали шоколад дар Перуҷи Италия.

***

Рӯзи фермерҳо дар ИМА.

 РӮЙДОДҲО:

13 октябри соли 2005 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии ИМА Кондолиза Райсро, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

***

13 октябри соли 1964 Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Афғонистон таъсис дода шуд.

***

11 сол муқаддам, 13 октябри соли 2006 Пан Ги Мун аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба мақоми котиби нави генералии ин созмон интихоб шуд.

***

Дар ин рӯз, 13 октябри соли 1792 хишти аввали бинои қароргоҳи президенти ИМА гузошта шуд, ки шурӯъ аз соли 1902 расман ҳамчун «Қасри сафед» номгузорӣ гардид.

***

16 сол  қабл, дар ин рӯз тақрибан 4 ҳазор нафар дар Берлин ба намоиши эътирозӣ бар зидди ҷанг дар Афғонистон ба кӯчаҳо баромаданд.

***

94 сол муқаддам, 14 октябри соли 1923 пойтахти Туркия аз Истанбул ба Анқара оварда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1972 ҳавопаймои Шӯравӣ Ил-62 дар қарибии Москва ба садама дучор гардид, ки дар натиҷа 174 нафар ҷони худро аз даст доданд.

 

 

Октябрь 13, 2017 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш