ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 15 октябр, якшанбе, 288-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 77 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:
15 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуда буданд.
***
Дар ин рӯз, 15 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 нафар роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
***
3 сол қабл, 15 октябри соли 2014 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории «Душанбе-2014: Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт» баргузор шуд.
15 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии занони деҳот.
***
Рӯзи кормандони саноати хӯрокворӣ.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии тозагии дастҳо.
***
Дар Бразилия- рӯзи муаллим.
РӮЙДОДҲО:
15 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи корҳои корхонаҳои заршўӣ ва мулоқоту суҳбат бо мардум ба мавзеи Шугноби ноҳияи Ховалинг ташриф оварда буданд.
***
Дар ин рӯз, 15 октябри соли 1932 Ширкати ҳавопаймоии Ҳиндустон «Air-India» таъсис ёфтааст.
***
14 сол қабл, 15 октябри соли 2003 Илҳом Алиев президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб гардид.
***
15 октябри соли 2003 Чин аввалин кайҳоннаварди худро ба кайҳон фиристод.
***
Дар ин рӯз, 15 октябри соли 1666 шоҳи англис Чарлзи II ба мӯди нав- пӯшидани камзӯлча асос гузошт.
***
90 сол муқаддам, 15 октябри соли 1927 дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи кории 7- соата ҷорӣ гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1964 калонтарин қубури нефтӣ дар ҷаҳон бо номи «Дӯстӣ» ба истифода дода шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






