ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 16 октябр, душанбе, 289-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 76 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 16, 2017 08:11

Тақвими моро дар ин гӯша 

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

16 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Бурабой, воқеъ дар вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуда буданд.

***

Дар ин рӯз, 16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расида буд.

***

16 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии «United World» мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон, аз ҷумла дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ посух доданд.

 16 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон -Рӯзи кинои тоҷик.

 ***

Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ.

 ***

Рӯзи ҷаҳонии нон.

 ***

Рӯзи умумиҷаҳонии анестизиологҳо.

 ***

Рӯзи Роҳбар.

 РӮЙДОДҲО:

16 октябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон (Чкалов)-и вилояти Суғд корхонаи саноатии «Суғд Пак» ба кор дароварда шуд.

 ***

Дар ин рӯз, 16 октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожараро ба ҳузур пазируфтанд.

 ***

16 октябри соли 1923 ширкати кинои Уолт Дисней таъсис ёфт.

 ***

88 сол муқаддам, 16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта буд.

 ***

16 октябри соли 1964 Чин нахустин озмоиши яроқи ҳастаӣ гузаронд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2005 дар Сан-Луис Мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба шоҳмоти ФИДЕ доир гашт.

***

75 сол қабл, соли 1942 бар асари тӯфон дар Бенгалия (Ҳиндустон) 40 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1930 шумораи нахустини рӯзномаи «Moscow News» ба забони англисӣ  нашр гардид.

Октябрь 16, 2017 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст