ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 21 октябр, шанбе, 294-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 71 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:
21 октябри сол 2016 дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлют Човушоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯз, 21 октябри соли 2015 дар чойхонаи миллии қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
***
4 сол қабл, 21 октябри соли 2013 Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ба имзо расид.
21 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар ИМА — Рӯзи ширинӣ.
***
Дар Британияи Кабир — Рӯзи себ
РӮЙДОДҲО:
21 октябри соли 2016 дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруиро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯз, 21 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шўрои Исломии (Парлумони) Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Лориҷониро ба ҳузур пазируфтанд.
***
48 сол муқаддам, 21 октябри соли 1969 дар Тошканд якумин Кинофестивали байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ кушода шуд.
***
21 октябри соли 1972 дар мулоқоти кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо пешниҳоди соли 1980 таъсис додани иттифоқи иқтисодӣ ва қурбӣ аз ҷониби аъзо якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯз, 21 октябри соли 1994 Академияи телевизионии Россия ҷоизаи ҳамасолаи «ТЭФИ»-ро таъсис дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1997 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қарореро дар бораи аз 10 декабри ин сол пойтахти нави ин кишвар эълон кардани шаҳри Акмола, ки баъдан номи Остонаро гирифт, қабул намуда буд.
***
Соли 1986 аз ИМА 80 нафар дипломатҳои Шӯравӣ берун карда шуданд. Дар ҷавоб Иттиҳоди Шӯравӣ фармоне содир кард, то тамоми кормандони техникии сафорати ИМА аз ҳудуди кишвар берун карда шаванд.