ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 22 октябр, якшанбе, 295-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 70 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 22, 2017 09:39

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

22 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки бо сафари дӯстона ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

***

  22 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтонро ба ҳузур пазируфтанд.

22 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии нафароне, ки лакнати забон доранд.

 ***

 Ҷашни турнаҳои сафед дар Доғистон.

РӮЙДОДҲО:

22 октябри соли 1993 Гурҷистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд.

***

16 сол қабл, 22 октябри соли 2001 олими рус магнити органикиро ихтироъ намуд.

 ***

  22 октябри сол 2007 дар фабрикаи пойафзол дар Чин  сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он 34 нафар ҳалок ва  21 нафари дигар  захмӣ шуданд.

***

22 октябри соли 1797 ҳавонаварди франсиявӣ Андре Жак Гарнерен бори аввал дар ҷаҳон тавассути кураи ҳавоӣ аз баландии 1000 м ба замин фуруд омад.

 ***

22 октябри соли 1721- рӯзи чун империя ташкил ёфтани Россия.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1938 ихтироъкори амрикоӣ Честер Карлсон дастгоҳи ихтироънамудаи худро барои нусхабардории ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошт.

 ***

Соли 1966 Иттиҳоди Шӯравӣ моҳвораи «Луна-12»-ро ба кайҳон фиристод.

 

                                                                                 

 

 

 

 

Октябрь 22, 2017 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, якшанбе, 285-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, шанбе, 284-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, панҷшанбе, 282-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, чоршанбе, 281-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст