ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 27 октябр, ҷумъа, 300-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 65 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 27, 2017 08:18

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

27 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қисмати ҷанубии нақби мошингарди Шаҳристон ташриф оварда, онро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

***

  27 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти зиёди ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф оварда, чойхонаи ғайриоддӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуданд, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад.

***

  27 октябри соли 2014 дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Кохи Сомон» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

27 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.

***

Дар Алҷазоир  — Рӯзи ниҳолшинонӣ.

***

Дар Туркманистон — Рӯзи Истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

27 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

7 сол қабл, 27 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия Константин Рамадановскийро ба ҳузур пазируфтанд.

***

27 октябри соли 1867 нависанда Лев Толстой романи «Ҷанг ва сулҳ»-ро ба итмом расонд.

***

27 октябри соли 1492 Христофор Колумб Кубаро кашф намуд.

***

66 сол муқаддам, 27 октябри соли 1951 нахустин маротиба дар ҷаҳон зимни табобати бемории саратон аз радиатсия истифода карда шуд.

***

27 октябри соли 1858 дар Ню-Йорк калонтарин маркази савдо дар дунё -«Мэйси» бо паҳноии 20,3 гектар мавриди истифода қарор гирифт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1982 Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон кард, ки шумораи аҳолии кишвар ба 1млрд нафар расид.

 

Октябрь 27, 2017 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш