ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 29 октябр, якшанбе, 302-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 63 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 29, 2017 09:07

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун барпо шуд.

***

Дар ин рӯз, 29 октябри соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколатдори махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид  ба масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм Чэн Гопинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

3 сол қабл, 29 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми башардӯстона, дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба ифтихори 20 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, ба имзо расониданд.

 29 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.

***

Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).

***

Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон.

 РӮЙДОДҲО:

29 октябри соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд.

***

Дар ин рӯз, 29 октябри соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

66 сол муқаддам, 29 октябри соли 1951 нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

***

29 октябри соли 1969 аввалин доду гирифт миёни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET сурат гирифт, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд.

***

Дар ин рӯз, 29 октябри соли 1947 яхи хушк аввалин маротиба ба хотири ба вуҷуд овардани борон истифода бурда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1898 дар Россия нахустин киштии яхшикан дар ҷаҳон- «Ермак» ба об дароварда шуд.

***

Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ручкаи саққодор ба фурӯш бароварда шуд.

Октябрь 29, 2017 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш