ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 3 октябр, сешанбе, 276-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 89 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 3, 2017 08:09

Тақвими моро шореҳ

Шаҳлои Садриддин варақ мезанад:

3 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг иштирок намуданд.

***

4 сол қабл, 3 октябри соли 2013 20-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони хадамоти андози давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Минск баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи Ассамблеяи байнипарлумонии  Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон доир гардида буд.

***

3 октябри соли 2013 дар Душанбе Форуми навбатии IX байналхалқии «Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри XXI» ифтитоҳ гардид.

3 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 

 Дар Ҷумҳурии Федеративии Германия рӯзи муттаҳидшавии Германияи ягона.

***

Рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии Корея.

***

Созмондиҳии Рӯзи умумиҷаҳонии Иттифоқҳои касаба.

***

Рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ироқ.

 РӮЙДОДҲО:

3 октябри соли 1961 ифтитоҳи ҳафтаи адабиёти украинӣ дар Тоҷикистон.

***

Дар ин рӯзи соли 1948 Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Обидова таваллуд шудааст.

***

111 сол муқаддам, 3 октябри соли 1906 рӯзи умумиҷаҳонии тасдиқи бонги хатар дар баҳр, маъруф ба «SOS» муқаррар карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1990 муттаҳидшавии Ҷумҳурии федеративии Германия ва Германияи демократӣ ба амал омад, ки соли 1949 дар ҳудуди Германия ташкил ёфта буданд.

***

3 октябри соли 1992 варзишгари итолиявӣ Мауритсио Дамилано рекорди ҷаҳонии дар айни замон амалкунандаро аз намуди дар ду соат 29 км 572 м роҳ рафтан асос гузошт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1952 дар Лос-Анҷелес нахустин сабти тасвир дар лентаи магнитӣ сурат гирифтааст.

***

Соли 1993 Гайдар Алиев бо касби 98,8% овозҳо Президенти ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб шуд.

Октябрь 3, 2017 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш