ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 5 октябр, панҷшанбе, 278-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 87 рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:
5 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба қароргоҳи Пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Россия ташриф оварда буданд.
***
Дар ин рӯз, 5 октябри соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
5 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим.
***
Рӯзи байналмилалии кормандони кофтукови ҷиноӣ.
***
Дар Португалия рӯзи ташкилёбии ҷумҳурӣ.
***
Дар Индонезия рӯзи Артиш.
РӮЙДОДҲО:
5 октябри соли 1963 дар Тоҷикистон Ҳафтаи фарҳанги Қазоқистон оғоз гардид.
***
Дар ин рӯз, 5 октябри соли 2016 дар Брюссел нишасти вазирони кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин конференсия бахшида ба мавзӯи Афғонистон баргузор гардид.
***
17 сол қабл, 5 октябри соли 2000 олимон муайян карданд, ки бо гузашти 14 сол аз садамаи Чернобил ва радиатсияи бавуҷудомада ҳанӯз ҳам дар растаниҳои ҳудуди зарардидаи Украина раванди аз меъёр зиёди мутатсияи генӣ (дигаргуншавӣ ва ё вайроншавии хромосомаҳо ва генҳо) ба назар мерасад.
***
5 октябри соли 1823 дар Англия нахустин маҷаллаи тиббӣ бо номи «Лансет» ба нашр оғоз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2006 дар Чин автобусҳои махсусе пайдо шуданд, ки барои иҷрои ҳукми қатл истифода мешуданд.
***
5 октябри соли 1502 Христофор Колумб Косто-Рикаро кашф намуда буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1864 аз таъсири тундбод дар Калкутта беш аз 300 киштӣ нобуд ва тақрибан 80 ҳазор нафар одамон ҳалок шуданд.
***
Соли 1948 таъсисёбии Рӯзи байналмилалии шӯрои муҳофизат аз табиат.