«Тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон»-семинар дар Душанбе

Октябрь 17, 2017 14:25

ДУШАНБЕ, 17.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки аз соли 2014 инҷониб дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад,  дар шаҳри Душанбе як зумра вохӯрию суҳбатҳо баргузор гардиданд. Ин  тадбирҳо идомаи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии  соҳибкорон ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар робита ба ин имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари «Тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон» доир гардид, ки ҳадафаш баррасии масъалаҳои тавсеаи иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, роҳандозии стратегияҳои иловагӣ дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ байни ҷавонон, ҳавасмандгардонии онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ, рушди неру ва малакаи ҷавонон оид ба масъалаҳои ба роҳмонии муколама ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии иқтисодии соҳибкории ҷавонон мебошад.

2G3A8621Семинарро муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Нигина Анварӣ оғоз намуда, оид ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ҷавонон, таъмини рушди самти мазкур, масъалаҳои таъмини рушди иқтисодиёт ва саҳми соҳибкорон дар ин раванд ибрози назар намуд.

Зикр гардид, ки ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихори миллат, неруи пешбарандаи ҷомеа ва иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвари худ ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ин қишри созандаи ҷомеа дар бунёдкориҳо ва рушди мамлакат эътимоду боварӣ ва таваҷҷуҳи беандоза доранд.

Имрӯзҳо аз шумораи умумии соҳибкорони инфиродӣ зиёда аз 51 ҳазор нафари онҳоро ҷавонон ташкил дода, дар доираи дастгирии соҳибкорони ҷавон то имрӯз аз тарафи муассисаҳои қарздиҳӣ зиёда аз 1, 7 млд. сомонӣ барои пешрафти фаъолияти соҳибкории ҷавонон ҷудо карда шудааст.

Ба андешаи Нигина Анварӣ, яке аз омилҳои барои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ҷолиб, ин мавҷуд будани теъдоди зарурии мутахассисони ҷавону баландихтисос барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба шумор меравад. Бинобар ин ҷавононро зарур аст, ки барои аз худ кардани касбҳои дар бозори меҳнат зарурӣ, инчунин барои соҳибкори муваффақ шудан, тамоми паҳлуҳои ин касбро омӯхта, дар фаъолияти худ ба пешравиҳои назаррас ноил гарданд.

Дар семинар муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, директори Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ян Харфст ва намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сухан карданд.

2G3A8615Дар ҷараёни ҳамоиш мавзӯъҳои «Шаклҳои дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамо»,  «Шаклҳои ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ» ва «Дастгирии лоиҳаҳои технологӣ дар мисоли Бизнес-инкубатори Мактаби олии иқтисодии Федератсияи Россия» ва масъалаҳои дастгирии давлатӣ, тарзи амалисозии он, иштироки доираҳои масъул ва манфиатдори раванди мазкур, ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои вобаста ба ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, роҳҳои  баланд бардоштани сатҳи дастгирӣ ва таҷрибаи амалии самти мазкур дар мисоли Бизнес- инкубатори амалан фаъолияткунанда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Семинар то бегоҳ идома ёфта, намояндагони паркҳои технологии донишгоҳҳо, соҳибкорон, ташкилотҳои машваратӣ, шарикони рушд ва мақомоти давлатӣ проблемаҳо ва имкониятҳои соҳибкорӣ, тамоюлҳои байналмилалии дастгирии соҳибкории ҷавонон ва шаклҳои дастгирии самти мазкурро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, 54 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ҷавонони то 24-сола ташкил медиҳанд.  Яке аз самтҳои асосии татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон- ин таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар саросари кишвар ба ҳисоб меравад. Масъалаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, мувофиқи мақсад аст, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорию ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд низ дар ин самт бештар саҳмгузор бошанд.

Клуби соҳибкорони ҷавони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилкунандагони асосии семинар ба ҳисоб рафта, он бо дастгирии БРСММ ва Ҳукумати Федератсия Россия роҳандозӣ гардид.

Октябрь 17, 2017 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд