Таъмини шароит барои зиндагии арзандаи сокинон аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат аст. 16 октябр- Рӯзи байналмилалии озуқаворӣ

Октябрь 16, 2017 14:41

ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 16 октябрро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии озуқаворӣ таҷлил мекунад. Ҳадафи асосии таҷлили ин рӯз баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти таъмини озуқаворӣ ва бехатарии он дар ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар тамоми сайёраи замин зиёда аз 854 млн нафар одамон аз гуруснагӣ ва камбуди ғизо ранҷ мебаранд, ки бартараф намудани ин мушкилӣ аз ҷониби ташкилотҳои ёрирасон кӯшиш ва заҳмати зиёд талаб мекунад. Дар ҳамин ҳол муайян карда шуд, ки гуруснагӣ ва камғизоӣ боиси халалёбии генофонди тамоми мардуми сайёра гашта, кӯдаконе, ки дар муҳити камбуди ғизо умр ба сар мебаранд, аз ҷиҳати рушду инкишофи зеҳнӣ нисбат ба ҳамсолоне, ки дар онҳо камбуди ғизо ба чашм намерасад, қафомондатаранд.

Бештари мамлакатҳое, ки дар онҳо аҳолӣ ба камбуди ғизо ва гуруснагӣ рӯ ба рӯ мешаванд, кишварҳое ҳастанд, ки амнияти озуқавории чандон устувор надоранд. Аслан зери мафҳуми амнияти озуқаворӣ, пеш аз ҳама, имкониятҳои номаҳдуди давлату ҷамъият дар таъмини бемайлони аҳолӣ бо озуқаворӣ, ки аз ҷиҳати миқдор ва сифат барои  ҷисми инсон  ва нигоҳдории қобилияти меҳнатии ў  заруранду на танҳо дар вазъяти ором, балки  дар ҳолатҳои фавқулода низ миқдори он басанда мебошад, фаҳмида мешавад.

Истилоҳи амнияти озуқаворӣ тӯли даҳсолаи охир  дар бештари кишварҳои ҷаҳон, ки роҳи мустақили рушдро интихоб кардаанд, мазмуни ҳаётан зарурӣ пайдо кардааст. Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи  башар (соли 1948) тамоми ҳуқуқу арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла  «ҳуқуқи тамоми мардуми олам  ба хўрокворӣ» инъикоси худро ёфтааст.

Ба гуфтаи коршиносон, амнияти озуқаворӣ дар ҳолате таъмин мегардад, ки миқдори истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ дар дохили давлат ба талаботи мардум ҷавобгӯ буда, 20 фоизи он барои захира  басанда бошад. Дар ҳолати нарасидани маҳсулоти дохилӣ давлат ё аҳолӣ қудрати харидории ин намуди маҳсулоти хўрокиро аз дигар кишвар бояд дошта бошад.

Дар мавриди Тоҷикистон бояд зикр намуд, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар яке аз ҳадафҳои олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, Ҳукумати кишвар тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар менамояд. Набояд фаромӯш сохт, ки дар бештари ҳолатҳо таъмини бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ аз самаранокӣ ва устувории рушди кишоварзӣ вобастагӣ дорад. Зеро соҳаи мазкур бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна 20-21 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд.

Вобаста ба ин, соҳаи аграриро истеҳсолкунандаи маҳсулоти асосии озуқаворӣ, инчунин сарчашмаи ба сатҳи баланд бардоштани даромад ва шуғли аҳолии деҳот ҳисобидан мумкин аст. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон масоҳати замин 14 млн 255 ҳазору 397 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 704 ҳазору 823 гектар майдони киштшаванда ба ҳисоб рафта, 491 ҳазору 556 гектар обёришавандаанд. Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар нимсолаи аввали соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 5494 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 % зиёд гардида, суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 9,1 ва 2,7 фоизро ташкил дод.

То дараҷае паст шудани сатҳи камбизоатӣ ба рушди иқтисодиёт алоқаманд аст, ки он натиҷаи дастовардҳои истиқрори макроиқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишвар мебошад. Ба иттилои Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло сатҳи камбизоатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи 20 соли пеш аз 83 фоиз ба 30 фоиз расонида шуд, ки аз рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ гувоҳӣ медиҳад.

Тавре Сарвари давлат соли 2016 дар Паёми солонаи худ зикр карданд: «Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, мо ба марҳалаи рушд ворид шудем ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намудем. Амалисозии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шавад. Танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд».

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2015 –ум 8,1 фоиз зиёд мебошад. Инчунин музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд, ки ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки дар даврони истиқлолият аҳолӣ ҳамасола дуюним фоиз афзоиш ёфта, 1,6 баробар зиёд шуд. Яъне, аз панҷуним миллион ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар расид, вале дар баробари ин, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардида, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафтааст, ки ин омор боиси хушҳолист.

Ба андешаи коршиносони соҳаи кишоварзии кишвар, ба бехатарии озуқаворӣ ба ғайр аз сиёсати аграрӣ, ки ба тараққиёти самарабахши бахши аграрӣ равона гардонда шудааст, сиёсати макроиқтисодӣ (арзӣ, молиявию буҷавӣ, пулию қарзӣ), сиёсати бозорӣ ва нарх, сиёсати савдо, сиёсати инфрасохторӣ, сиёсати иҷтимоӣ, сиёсат дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, сиёсати демографӣ мустақиман ё ғайримустақим таъсир мерасонанд.

Бояд зикр намуд, ки сиёсати аграрӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, афзоиш додан ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, рушди истеҳсолоти самташ содиротӣ, рушди тиҷорати кишоварзӣ (фаъолияти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ дар деҳот) аз афзалиятҳоест, ки самти асосии тараққиёти бахши  аграрӣ аз он вобастагии ногусастанӣ дорад.

Шаҳлои САДРИДДИН

Октябрь 16, 2017 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Китобҳои «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» ва «Муаррифгари миллати тоҷик» ба табъ расиданд
Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур суханронии Президенти Тоҷикистонро бахшида ба Рӯзи Дониш дастҷамъона тамошо намуданд
«БО АТЛАСУ АДРАСУ ЧАКАН ЯКТОӢ». Либоси миллӣ байни тӯфонҳои шадиди ҳазорсолаҳо ба ин покӣ ҳифз гардид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма сохтмони долони зиддитармавӣ ва пули мошингузар босуръат идома дорад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад