«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» доир мегардад. Фестивал-озмун ба хотири дар замири ҷавонон тарбия намудани эҳсоси эҳтиром нисбат ба Соли ҷавонон ва таҷлили сазовори 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, беҳтарин имконият барои дарёфти падидаҳои ҷавон дар соҳаи фарҳангу ҳунар мебошад.
Барномаи нахустин дар доираи ин Фестивал 7 октябр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар вилояти Хатлон баргузор шуд. Дар Фестивал-озмун беҳтарин ҳунармандони наврасу ҷавони вилояти Хатлон 27 номгӯи ҳунариро ба намоиш гузоштанд.
Ғолибони озмун бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои молиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Баргузории чунин Фестивал дар дигар минтақаҳои кишвар низ дар назар дошта шудааст.











Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






