«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» — фестивали ҷумҳуриявӣ
ДУШАНБЕ, 19.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» ҷараён дорад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи баргузории Фестивал- мукаммал намудани захираи кадрӣ баҳри рушди ояндаи санъати касбии Тоҷикистон, ташаккул додани раванди вусъати неруи эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави навозандагиву сарояндагӣ ва композиторӣ, инчунин оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ мебошад.
Дар Фестивал хонандагон ва донишҷўёни мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси санъат, мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат, коллеҷҳои санъат ва фарҳанг иштирок менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки даври аввали Фестивал дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҷамъбаст гардида, даври дигари он 25 октябр дар шаҳри Душанбе, 28 октябр дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 4 ноябр ғолибон дар даври ҷамъбастии Фестивал, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок мекунанд.
Иштирокчиёни Фестивал бо Диплом, Сипоснома ва дигар туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти Фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе сарфароз карда мешаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






