Тарроҳи машҳури Япония ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 ноябри соли равон сафари эҷодии ҳайати намояндагии фарҳангии кишвари Япония дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Зимни ин сафар тарроҳи машҳури сатҳи ҷаҳонӣ Ҷунко Кошино намоиши мӯд барпо мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷунко Кошино дар шаҳру кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла, дар Пекин, Ню-Йорк, Ветнам, Куба, Полша, Мянма намоиши мӯд доир кардааст. Соли 2006 ӯ ба гирифтани нишони Cavaliere dell ‘Ordine della Stella della Solidarieta Italiana (Ордени Италия) мушарраф гардидааст. Ҷунко Кошино узви кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва параолимпии Токио — 2020 ва Намояндаи махсуси Экспо-2025 дар шаҳри Осака мебошад.
Намоиши мӯд 2 ноябри соли 2017, соати 16:00 дар толори калони Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ҷараёни намоиш маҷмӯи либосҳои омода кардаи тарроҳи Япония Ҷунко Кошино ва тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Пас аз намоиши мӯд филми ҳунарии японии «Ҳамеша: ғуруб дар хиёбони 3» намоиш дода мешавад. Филми макур дар бораи Бозиҳои олимпии Токио дар соли 1964 нақл мекунад.
Сафари эҷодии ҳайати намояндагии фарҳанги Япония бо ташаббуси Бунёди Япония, Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон гузаронида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






