Таъсиси марказҳои ҳунармандӣ дар Суғд сабаби беш аз чор маротиба кам шудани теъдоди муҳоҷирзанон гардид

Октябрь 4, 2017 16:37

ХУҶАНД, 04.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Баҳри омўзиши ҳунарҳои мардумӣ, соҳиб шудан ба касбу ҳунар, ҷойи кор ва даромади иловагӣ пайдо намудани занону духтарони хонашин, ки теъдоди онҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, моҳи феврали соли 2015 аз ҷониби раиси вилояти Суғд «Нақшаи таъсиси марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд» тасдиқ гардида, тибқи он дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят мебоист 150 маркази таълимӣ — истеҳсолии адрасу атласбофии дастӣ таъсис дода мешуд.

Маҳз натиҷаи тадбирҳои якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо буд, ки то 20 сентябри соли 2017, яъне дар давоми се сол дар ҳудуди вилоят дар доираи Барномаи рушди ҳунарҳои миллӣ дар маҷмӯъ  253 адад маркази ҳунаромӯзии атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ бо 992 адад дастгоҳ  фаъолияти пурмахсул доранд. Аз ҷумла, 186 маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ бо 600 адад дастгоҳи матоъбофӣ  бо фарогирии 663 нафар ҳунармандон, 3019 нафар шогирдони ба дастгоҳҳо вобасташуда, 189 нафар ҳунармандони адрасбоф ва 67 адад маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ бо 159 нафар қолинбоф  ва 392 адад дастгоҳҳои қолинбофии дастӣ фаъолият мебаранд.

Дар ин замина аз аввалин марказҳои таълимию истеҳсолии  вилоят маркази таълимию истеҳсолии қолинбофии «Шероз» дар шаҳри Хуҷанд ва маркази атласу адрасбофии «Дугонаҳо» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд, ки то имрӯз барои омода намудани устоҳои қолинбофу адрасу атласбоф саҳми босазои худро гузошта истодаанд.

Ҳамзамон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил намудани марказҳои таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофии дастӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.  Чунончӣ, танҳо дар давоми ду соли охир дар маркази «Дугонаҳо» аз вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 200 нафар шогирдон нозукиҳои касби адрасу атласбофиро омўхта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд ва имрўзҳо дар марказҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои худ шогирдони зиёд тайёр намуда истодаанд. Ғайр аз ин, соли гузашта дар доираи барномаҳои «Рўзҳои  фарҳанги вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» 10 адад дастгоҳҳои атласу адрасбофии дастӣ ба марказҳои таъсисёбандаи ин минтақаи кишвар тақдим карда шуда, барои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва Хатлон қариб 100 адад чунин дастгоҳҳо дастрас гардиданд.

4 2_4 7 колинбофи

Илова бар ин, маҳсули ҳунармандони вилоят, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрас, сўзанидўзӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ дар ярмаркаҳои байналмилалии савдо, ки дар маркази вилоят баргузор мегарданд, ба намоиш гузошта мешаванд. Ин маҳсулот пайваста мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони вилоят қарор доранд. То ин муддат маҳсулоти ҳунармандони вилоят дар як зумра ярмаркаҳои байналхалқӣ дар Германия, Федератсияи Россия ва Қазоқистон низ ба намоиш гузошта шуданд.

Муҳимтар аз ҳама, ин марказҳо имконият доданд, ки занони вилоят бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин бошанд. Он ҳамчунин ба кам шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, хосатан байни занон дар вилоят мусоидат намуд. Тибқи маълумоти оморӣ, таъсиси ин марказҳо дар вилоят имкон дод, ки теъдоди муҳоҷирзанон беш аз чор маротиба кам гардад.

Бояд тазаккур дод, ки баҳри ҳавасмандкунии занони ҳунарманди марказҳои мазкур,  дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №645 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Дар ин замина, барои дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сўзанидўзӣ, адрасбофӣ  ва меҳнати хонагӣ ҷониби мақомотҳои маҳалии вилоятиву шаҳру ноҳияви низ  грантҳо таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин, соли гузашта бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Суғд озмуни «Адрасбофи беҳтарин» низ гузаронида шуд.   Ҳамзамон, минбаъд тибқи қарори раиси вилояти Суғд ба ҳар як ҳунарманде, ки 200 шогирди соҳибкасбро тайёр намояд, бо маблағи пулии 50 ҳазор сомонӣ мукофонида мешавад.

Дар ин раванд бояд зикр кард, ки аз оғози ташкили марказҳои таълимию истеҳсолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Суғд то имрўз (20 сент 2017) дар умум,  3222 нафар касбомӯзиро хатм намуда, соҳиби ҳунар ва шаҳодатнома гаштаанд, ки аз онҳо 2150 нафар бо касби адрасбофӣ ва 1072 нафар касби қолинбофӣ.  Инчунин, дар давоми ин солҳо, дар маҷмуъ, 141 ҳазору 130 метр матои атласу адрас, 11997 метр намудҳои дигари матои дастибофӣ ва 3802 м/кв қолин истеҳсол карда шуда, дар умум 133 ҳазору 209 метр матоъҳо фурӯхта шудаанд, ки аз он 11322 метр матоҳои дастибоф ва 2870 м/кв қолинҳои дастӣ.

Дар маҷмўъ бошад, имрўзҳо дар вилояти Суғд 19 ҳазору 605 нафар занон ба омўзиши касбу ҳунар, бахусус ҳунарҳои мардумӣ фарогирифта шудаанд, ки падидаи фараҳбахш ва натиҷаи иқдоми нек гуфтан мумкин аст. Албатта, ин тадбирҳо ба амалӣ шудани ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳарчи бештар бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ва дар маҷмӯъ расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

 

Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,

АМИТ “Ховар”  Хуҷанд

 

 

Октябрь 4, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд