Театри лўхтаки Тошканд намоиши «Корвонсарой»-ро ба Душанбе овард
ДУШАНБЕ, 26.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 октябр то 3 ноябри соли ҷорӣ дар Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе дар доираи сафари ҳунарии Театри давлатии лўхтаки шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон намоишномаи «Корвонсарой»-и театри мазкур ба намоиш гузошта мешавад.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намоишҳо ҳар рўз соатҳои 10:00 ва 11:00 манзури мухлисони театри лўхтак мегардад. Намоиш ба қалами муаллифон И. Лукянова ва Д. Юлдошев мансуб буда, онро коргардони таҳиягар, Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон И.Яқубов рўи саҳна овардааст.
Намоиши «Корвонсарой» доир ба суннату анъанаҳои ҳунари лӯхтакбозии ӯзбек ба воситаи санъати муосири театрӣ мебошад. Дар он қаҳрамонони машҳури масхарабози фолклори халқи ӯзбек Аливу Валӣ ва қаҳрамони театри суннатии миллӣ Качал-Полвон вомехӯранд. Тамоми намоиш аз тарафи ду ҳунарпеша иҷро карда мешавад. Тавассути маҳорати онҳо тамошобинон имконият пайдо мекунанд, ки ба ҳамаи навъҳои ҳунари лӯхтакбозӣ: дар пешбанди одии муқаррарӣ саҳнаи савдои хар ва хурӯсҷанг бо лӯхтакҳои дастпӯшакӣ, манзараи гўштии миллии «кураш» бо арӯсакҳо, рақси ӯзбекӣ ба воситаи театри соягӣ ва лӯхтакҳои нахӣ ошно гарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






