«ТОҶИКИСТОН-2017»: дар намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ,19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи ноябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон-2017» баргузор мегардад.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намоишгоҳ доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ ширкат менамоянд.
Ҳадафи баргузории намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон-2017» дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ мебошад. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ, саноати кимиёвӣ, туризм, технологияҳои бонкӣ, нақлиёту логистика ва таҷҳизот оид ба коркарди пахта ба намоиш гузошта шаванд.
Ҳамзамон дар доираи намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ баргузор мешавад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






