Тоҷикистон ба баргузории Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 02.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кумитаи тадорукоти Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси кумитаи тадорукот, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид гузаронд.
Дар ҷаласа муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар бораи ҷараёни омодагӣ ба форуми мазкур маълумот дод. Ӯ иттилоъ дод, ки Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 15-16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Низомиддин Зоҳидӣ зикр намуд, ки бори нахуст дар бораи таъсиси Форуми иқтисодии кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ дар қарори иҷлосияи 130-и Шӯрои Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ, ки 8 сентябри соли 2008 баргузор гардида буд, пешниҳод манзур гардида буд. Қарори мазкур бо ибтикори Подшоҳи Арабистони Саудӣ қабул шуда, дар он аҳамияти фаъол намудани Ёддоштҳои тафоҳум, ки байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо шуда буданд, таъкид гардидааст.
Иҷлосияи якуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 14 майи соли 2014 таҳти шиори “Дурнамои сармоягузорӣ ва табодули тиҷоратӣ” дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, дороӣ ва иқтисод баргузор шуда буд. Дар он иҷлосия Эъломияи Риёз ба сифати санади поёнӣ қабул гардида, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.
Дар Риёз ҳайати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки иҷлосияи навбатии Форуми мазкур дар Душанбе баргузор гардад. 8 июни соли 2017 Дабирхонаи Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, бо таваҷҷуҳ ба изҳори омодагии кишвари мо ба мизбонии иҷлосияи дуюми Форум дар Душанбе пешниҳод кард, ки ҳамоиши мазкур 16 октябри соли 2017 баргузор гардад. Қарор аст, ки дар остонаи иҷлосияи вазирон, 15 октябр иҷлосияи кумитаи тадорукотии масъулони аршад барпо шавад.
Дар ҷаласаи кумитаи тадорукот роҳбарони як қатор вазорату идораҳо бо пешниҳодҳо доир ба масъалаҳои мушаххас сухан гуфтанд.
Дар хотимаи ҷаласа Давлаталӣ Саид ба аъзои кумитаи тадорукот ҷиҳати дар сатҳ ва сифати баланд андешидани тарбирҳои омодагӣ ва гузаронидани ин чорабинии байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Интизор меравад, ки Иҷлосияи дуюми Форум дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Ҳамкорӣ дар соҳаи рушд ва сармоягузорӣ» доир мегардад.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






