Тоҷикистон ба баргузории Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон омодагӣ мебинад

Октябрь 2, 2017 18:29

ДУШАНБЕ, 02.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кумитаи тадорукоти Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод  ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси кумитаи  тадорукот, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид гузаронд.

Дар ҷаласа муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар бораи ҷараёни омодагӣ ба форуми мазкур маълумот дод. Ӯ иттилоъ дод, ки  Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод  ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 15-16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Низомиддин Зоҳидӣ зикр намуд, ки бори нахуст дар бораи таъсиси Форуми иқтисодии кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ дар қарори иҷлосияи 130-и Шӯрои Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ, ки 8 сентябри соли 2008 баргузор гардида буд, пешниҳод манзур гардида буд. Қарори мазкур бо ибтикори Подшоҳи Арабистони Саудӣ қабул шуда, дар он аҳамияти фаъол намудани Ёддоштҳои тафоҳум, ки байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо шуда буданд, таъкид гардидааст.

Иҷлосияи якуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 14 майи соли 2014 таҳти шиори “Дурнамои сармоягузорӣ ва табодули тиҷоратӣ” дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, дороӣ ва иқтисод баргузор шуда буд. Дар он иҷлосия Эъломияи Риёз ба сифати санади поёнӣ қабул гардида, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Дар Риёз ҳайати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки иҷлосияи навбатии Форуми мазкур   дар Душанбе баргузор гардад. 8 июни соли 2017 Дабирхонаи Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, бо таваҷҷуҳ ба изҳори омодагии кишвари мо ба мизбонии иҷлосияи дуюми Форум дар Душанбе пешниҳод кард, ки ҳамоиши мазкур 16 октябри соли 2017 баргузор гардад. Қарор аст, ки дар остонаи иҷлосияи вазирон, 15 октябр иҷлосияи кумитаи тадорукотии масъулони аршад барпо шавад.

Дар ҷаласаи кумитаи тадорукот роҳбарони як қатор вазорату идораҳо бо пешниҳодҳо доир ба масъалаҳои мушаххас сухан гуфтанд.

Дар хотимаи ҷаласа Давлаталӣ Саид ба аъзои кумитаи тадорукот ҷиҳати дар сатҳ ва сифати баланд андешидани тарбирҳои омодагӣ ва гузаронидани ин чорабинии байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Интизор меравад, ки Иҷлосияи дуюми Форум дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Ҳамкорӣ дар соҳаи рушд ва сармоягузорӣ» доир мегардад.

 

 

Октябрь 2, 2017 18:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид