Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ иқтидори воқеӣ дорад -конференсияи байналмилалӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» доир гардид.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи конференсия зикр намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо назардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст».
Ҳамзамон зикр гардид, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифгари таъриху фарҳанги ғанӣ, иқлими созгор, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат қарор дорад. Захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии экологӣ, фарҳангиву таърихӣ, муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии шикор ва сайругаштӣ имконияти фарох фароҳам овардаанд.
Бояд зикр намуд, ки бо татбиқи сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи дарҳои кушоди Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин радиф таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид.
Коршиноси байналмилалӣ оид ба идоракунии хатсайрҳо ва рушди устувори сайёҳӣ аз ИМА Бриан Муллис иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи биҳиштосо, дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Ҳамзамон Тоҷикистон аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат ва урфу анъанаҳои мардумӣ макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ ба андешаи Бриан Муллис, яке аз масъалаи асосӣ инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ мебошад, ки он барои рушди туризм зарур ва ҳатмӣ аст.
Дар ҳамоиш намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои соҳавии миллӣ ва коршиносони варзида, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ ширкат варзида, имконият ва захираҳои сайёҳии худро ба дӯстдорони сайру сайёҳат муаррифӣ намуданд.
Дар ифтитоҳи конференсияи байналмилалӣ намоиши дастовардҳои ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба намоиш гузошта шуда, пешбури кори конференсия аз рӯи се қисмат- «Сайёҳии экологӣ ва муолиҷавӣ-яке аз омилҳои рушди устувор», «Рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ» ва «Инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон» амалӣ мегардад.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши байналмилалиро роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии кишвар дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, мубодилаи афкор вобаста ба густариши ҳамкории байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои «Шоҳроҳи Абрешим», омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва тақвияти ҳамгироии минбаъдаи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ арзёбӣ намуданд.
Хотиррасон мекунем, ки дар заминаи ин конференсия пагоҳ, 10 октябр дар «Боғи Ирам» Фестивали сайёҳиву фарҳангии Мероси роҳи Абрешим таҳти унвони «Рангоранг» баргузор мегардад.
Қобили тазаккур аст, ки Ватани мо дар ин пайроҳаи таърихӣ қарор дорад ва бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ бо баргузории чунин чорабиниҳо талоши онро дорад, ки бо таблиғу ташвиқи бештар ҷалби сайёҳони хориҷиро баҳри боло бурдани рағбати тамошои «Шоҳроҳи Абрешим» ба Тоҷикистон афзояд.
Итминони комил дорем, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза ба рушди соҳаи сайёҳӣ, густариши ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани симои сайёҳии ватанамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.
Мавҷуда АНВАРӢ













«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид






