Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкории судмандро дар соҳаҳои ҷавонон ва варзиш баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон Азад Рагимов 6 октябр баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои гуногуни ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои ҷавонон ва варзиш муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии хешро дар таҳким ва густариш додани ҳамкорӣ дар ин самт таъкид намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






