Қурби асъор дар Душанбе барои имрӯз
ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8100 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.3300 то 10.4500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1470 то 0.1525 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 3 октябр қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.7965 сомонӣ, 1 евро = 10.3315 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1497 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






