Қурби расмии асъор ва қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар Душанбе барои имрӯз
ДУШАНБЕ, 19.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8100 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.3000 то 10.4000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1525 то 0.1540 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 19 октябр қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8024 сомонӣ, 1 евро = 10.3455 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1504 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






