Вакилони Парлумони Тоҷикистон аз хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон дидан намуданд

Октябрь 6, 2017 16:42

ДУШАНБЕ, 6.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи будубоши бошандагони хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбон, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони маъюб дар шаҳрҳои  Душанбе, Ҳисор,  Турсунзода ва ноҳияҳои Ёвон, Рӯдакӣ ва Варзоб  дидан намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо  бошандагони хона-интернат аъзои гурӯҳи корӣ зикр намуданд, ки хароҷоти Буҷети давлатӣ сиёсати иҷтимоӣ дошта, он, пеш аз ҳама, ҷиҳати таъмини афзалиятҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳояшон бо намояндагони аҳли ҷомеа, инчунин вазифаҳое, ки аз рӯи стратегияҳо ва  барномаҳои миллӣ, дигар қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, равона гардидааст. Аз ин рӯ ҳалли тадриҷии масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафақахӯрон, пиронсолони барҷомонда ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва осебпазир яке аз самтҳои  афзалиятнок эътироф гардидааст. Давлат дар ин замина тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, то ин гурӯҳи  осебпазири аҳолӣ худро бе пушту паноҳ ва бе ҳимоя эҳсос накунад.

Дар робита ба ин, дар соли 2017 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ  беш аз 9 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақшаи аниқшудаи буҷети соли 2016-ум  11,8 фоиз зиёд буда, 45,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Танҳо барои рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бо назардошти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3,2 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зикр шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар соли 2016-ум ҷиҳати нигаҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои  кӯдакон, калонсолон, пиронсолон, маъюбон, санаторияву профилакторияҳо беш аз 34 млн. сомонӣ равона гардидааст.

IMG_1698 IMG_1080

 

Октябрь 6, 2017 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад