ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Октябрь 11, 2017 16:11

ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо, ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва  пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.

Нозири маркази хизматрасонии филиали «Бонки Эсхата» барои исрофкории 27 ҳазор сомонӣ дастгир шуд

Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, амалиётгари нозири маркази хизматрасонии филиали ҶСК «Бонки Эсхата» ҳамчун гумонбар дар исрофкорӣ ё азонихудкунии маблағ дастгир карда шуд.

Муайян карда шуд, ки номбурда дар давраи фаъолияти кориаш 16 сентябри соли 2017, аз хазинаи филиали бонк 27 ҳазор сомониро гирифта, аз они худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Қаллобӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор доллари амрикоӣ

Ба мақомоти милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Файзобод муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2014 марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои харидорӣ намудани ангишт 20 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, оид ба ин ҳолат корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Зери чарх мондани пиёдагарди хурдсол

10 октябри соли равон, тахминан соати 16:30, ронандаи мошини тамғаи «Портер» Ҳомидов Расул Назирович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан дар маҳаллаи Сари ҷари ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба самти минтақаи Навбунёди шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Акрамова Омина Валиевна, соли таваллудаш 2015, сокини кӯчаи Навбунёдро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дузд паси панҷара рафт

Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 23-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 27 сентябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 5 ҳазору 760 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 18-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.

Октябрь 11, 2017 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад
Пагоҳ дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 64 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Шаҳринав дорандаи корти бонкӣ мебошанд
«Бисоз Life»: 2,5 маротиба бештар суҳбат намоед!
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вобаста ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ доир гардид
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамкориро бо Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ тақвият мебахшад
Пагоҳ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд