ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Октябрь 13, 2017 10:37

ДУШАНБЕ, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо, ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва  пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.

Маҷбуран кор фармудани зан дар хориҷи кишвар

 Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 54-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки  1 августи соли 2016, марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе, директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Имкон-2015», бо баҳонаи таъмини кор дар хориҷи мамлакат ӯро ба шаҳри Риёзи давлати Арабистони Саудӣ бурда, муддати 1 солу 2 моҳ маҷбуран кор фармуда, музди меҳнаташро пардохт накардааст.

Марди номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.

Ба гарав гузоштани хонаи каси дигар

 Марди 53-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ба мақомоти корҳои дохилӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2014, марди 48-солаи сокини кӯчаи Мастонгули пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиашро дар Бонки хурди молиявӣ ба гарав мондаас. Ӯ аз бонки мазкур 150 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро ба бонк насупоридааст.

Марди гумонбаршуда ба қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Ҳалокати писарбача дар садамаи марговар

 11 октябри соли равон ронандаи мошини  тамғаи «ЗИЛ» Турсунов Шерзод Тоҷмаҳмадович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ дар рӯ ба рӯи мағозаи хӯроквории «Мадина» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Усмонов Муҳсиддин Ғуломович, соли таваллудаш 2008, сокини деҳаи Фалакон, хонандаи синфи 3-юми МТМУ №24-ро пахш намудааст.

Мутаассифона, пиёдагарди ноболиғ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бародар ба бародар раҳм накард

 Ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 41-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 11 октябри соли равон бародараш, марди 39-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии ноҳияи мазкур дар дохили бозори «Саховат»-и шаҳри Душанбе бо корд ӯро 1 маротиба задааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Бародари марди ҷабрдида бо гумони авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидааст.

 

Октябрь 13, 2017 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд