«100-солагии Инқилоби Октябр»-намоиши тасвирӣ дар Осорхонаи миллӣ
ДУШАНБЕ, 11.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «100-солагии Инқилоби Октябр» намоиш ифтитоҳ гардид.
Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ифтитоҳи намоиш сафирони Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон, Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ва тамошобинон иштирок намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ва Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов вобаста ба Инқилоби Октябр сухан гуфтанд.
Дар намоиши мазкур зиёда аз 50 адад мавод ба тамошо гузошта шуданд. Аз ҷумла, беҳтарин мусаввараҳои рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар онҳо ҳодисаҳои Инқилоби Октябр инъикос шудаанд ва расмҳои ҳуҷҷатҳои ба ин ҳодисаи таърихӣ рабтдошта пешниҳоди тамошобинон гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






